Редирект боздидкунандаро аз як суроға ба дигар худкор мефиристад. Ҳангоми тағйири домен, муттаҳид кардани сайтҳо ё бозфиристии www ба бе www (ё баракс) истифода мешавад.
Намудҳои редирект
- 301 (доимӣ) — барои тағйири домен ба таври доимӣ. Вазни SEO-ро интиқол медиҳад.
- 302 (муваққатӣ) — барои кӯчиши муваққатӣ (акция, таъмири сайт).
Чӣ тавр дар cPanel танзим кардан
- Ба cPanel ворид шавед
- Domains → Redirects-ро кушоед
- Намудро интихоб кунед (Permanent 301 ё Temporary 302)
- Дар майдони https?://(www.)? домени куҳнаро интихоб кунед
- Дар Redirects to суроғаи навро ворид кунед
- Илова: Redirect with or without www
- Add-ро пахш кунед
Редирект фавран фаъол мешавад. Тавассути curl -I https://домени-куҳна.tj санҷидан мумкин — бояд ҳолати 301 ва Location-и суроғаи навро баргардонад.
Агар домен парк бошад ва дар хостинг набошад, редиректро тавассути провайдери DNS ё Navju Cloud DNS танзим кунед.