Тарзи пардохти пешфарз — он чизест, ки Navju Cloud ҳангоми дарозкунии худкори хидматҳо кӯшиш мекунад истифода барад. Агар корт ба охир расида бошад ё хоҳед аз манбаи дигар пардохт кунед — иваз кунед.
Дар куҷо иваз кардан
- Ба cp.navjucloud.tj ворид шавед
- Менюи рости боло → Payment Methods
- Рӯйхати усулҳои нигоҳдошташударо мебинед (агар бошанд)
Илова кардани корти нав
- Add Payment Method-ро пахш кунед
- Намудро интихоб кунед: Visa/MasterCard ё Корти Миллӣ
- Маълумоти кортро ворид кунед (мустақиман ба бонк фиристода мешаванд, мо нигоҳ намедорем)
- Save
Кортро пешфарз кардан
Дар рӯйхат Make Default-ро дар назди корти дилхоҳ пахш кунед. Ҳамаи дарозкуниҳои худкори оянда аз он мераванд.
Нест кардани корти куҳна
Тугмаи Remove. Агар транзаксияҳои pending дошта бошад — аввал онҳоро интизор шавед.
Алиф Мобӣ дар бораи чӣ
Алиф Мобиро ҳамчун пешфарз нигоҳ доштан мумкин нест — ин автопардохт нест, балки бозфиристии якдафъаина аст. Ҳар ҳисобро тавассути барнома дастӣ пардохт мекунед.
Барои пардохтҳои худкор Visa/MasterCard ё Корти Миллиро интихоб кунед — мо як рӯз пеш аз ба охир расидани хидмат меситонем. Email-и огоҳкунанда 7 рӯз пеш меояд.