Other languages / Другие языки / Забонҳои дигар: Русский English

Фармоиши хостинг дар Navju Cloud 3–5 дақиқа мегирад. Пас аз пардохт сервер худкор фаъол мегардад (одатан то 5–10 дақиқа).

Қадамҳои фармоиш:

  1. Саҳифаи хостинг-ро кушоед ва тарифро интихоб кунед.
  2. «Фармоиш»-ро пахш кунед — доменро нишон диҳед (худи худро ё нав ба қайд гиред).
  3. Мӯҳлати пардохтро интихоб намоед (1, 3, 6, 12 моҳ — чӣ қадар дарозтар, ҳамон қадар арзонтар).
  4. Ба ҳисоб ворид шавед ё ҳисоби нав созед.
  5. Ҳисобро пардохт намоед.

Тарзҳои пардохт:

  • Visa / MasterCard тавассути Alif Webcheckout.
  • Корти Миллӣ.
  • Алиф Мобӣ — пардохт дар иловаи бонк.
  • Интиқол бо рақами телефон.

Пас аз пардохт ду чиз меояд: маълумоти дастрасии cPanel (логин, парол) ва мактуби «Hosting Account Activated». Инчунин огоҳнома дар @navjucloudtj_bot, агар пайваст бошад.

Was dit antwoord nuttig? 0 gebruikers vonden dit artikel nuttig (0 Stemmen)