Other languages / Другие языки / Забонҳои дигар: Русский English

Email DNS Checker — асбоби Navju Cloud барои ташхиси танзимоти DNS-и почта. Дар суроғаи tools.navjucloud.tj/email дастрас аст.

Чиро месанҷад

  • MX — куҷо домен почтаро қабул мекунад
  • SPF — кадом серверҳо аз номи домен мактуб фиристода метавонанд
  • DMARC — сиёсати коркарди мактубҳое, ки SPF/DKIM-ро нагузаштаанд
  • TXT — сабтҳои дигар (аз ҷумла тасдиқҳои Google, Yandex ва ғ.)

Чаро муҳим аст

Бе SPF ва DMARC-и дуруст танзимшуда мактубҳои аз домени шумо ба спам мераванд ё умуман нарасида мемонанд. Ин асбоб зуд нишон медиҳад, ки чӣ танзим шудааст ва чӣ намерасад.

Кай лозим мешавад

  • Ҳангоми шикоят «мактубҳо намерасанд» ё «ба спам мераванд»
  • Пас аз тағйири провайдери почта
  • Ҳангоми танзими почтаи корпоративӣ дар домени худ
  • Пеш аз сар кардани рассылка — тасдиқ кардани он, ки DMARC доставкаро намешиканад

Чӣ тавр истифода бурдан

  1. Доменро ворид кунед (бе @ ва бе префикси mail)
  2. «Санҷидан»-ро пахш кунед
  3. Дар ҳисобот рӯйхати сабтҳои ёфтшуда ва огоҳиҳо оид ба мушкилоти маъмулиро мебинед

Агар почтаи шумо дар домени худ тавассути Хостинги Navju Cloud бошад — мо қиматҳои тайёри SPF ва DKIM-ро дар панел медиҳем. Онҳоро ба минтақаи DNS нусхабардорӣ карда, бо ин асбоб санҷед.

Var dette svaret til hjelp? 0 brukere syntes dette svaret var til hjelp (0 Stemmer)