Dynamic DNS (DDNS) — системае, ки сабти A-ро дар DNS худкор нав мекунад, ҳангоме IP-и шумо тағйир ёбад. Агар IP статикӣ набошад (интернети хонагӣ, модеми мобилӣ), муфид аст.
Кай лозим аст
- Сервери вебии хонагӣ ё NAS месозед — номи доимӣ лозим
- Камераҳои назоратӣ бо дастрасии дур
- Дастрасии дур ба компютер тавассути RDP/SSH
- Серверҳои бозӣ барои дӯстон
Чӣ тавр кор мекунад
- Дар компютер ё роутери шумо клиенти DDNS кор мекунад
- Ҳар чанд дақиқа IP-и берунии ҷориро месанҷад
- Агар IP тағйир ёбад — дархости API-ро ба провайдери DDNS мефиристад, ки сабти A-ро нав мекунад
- TTL одатан паст аст (60–300 сония), то навигарӣ зуд паҳн шавад
Провайдерҳои омодаи DDNS
- No-IP — ройгон (бо тасдиқ дар ҳар 30 рӯз)
- DuckDNS — пурра ройгон
- Dynu — ройгон бо дастгирии домени худатон
DDNS-и худи шумо дар Navju Cloud DNS
Агар домени шумо дар NS-и Navju Cloud бошад — DDNS-ро тавассути API танзим кардан мумкин:
- Дар кабинет барои домени худ калиди API эҷод кунед
- Утилитаи
ddclientё скрипти обёр-кунандаи API-и моро насб кунед - Санҷишро ҳар 5 дақиқа танзим кунед
Скрипти омодаи bash барои cron-ро аз саппорт пурсидан мумкин.